Вазирони дифои Эрон ва Русия ба Чин рафтанд

Азиз Насирзода, вазири дифои Эрон бо ҳамтои белорусиаш Виктор Хренин. 25 июн, 2025.

Ҳамзамон бо нашри гузоришҳо дар бораи сафари вазири дифои Эрон ба Чин дар ду рӯзи баъд аз оташбаси Теҳрон ва Телавив, Пекин эълон кард, ки мизбони вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст.

Ин нишаст як рӯз баъд аз нишасти сарони паймони НАТО баргузор мешавад ва мақомҳои кишварҳои узв, аз ҷумла, Эрон ва Русия дар як пойгоҳи баҳрӣ дар шарқи Чин, ҳузур ёфтаанд.

Хабаргузории давлатии Чин гуфтааст, мақомҳои дифоии кишварҳое монанди Покистон ва Белорус ба Чин рафтаанд.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", Пекин талош дорад Созмони Ҳамкориҳои Шанхайнро, ки даҳ кишвар шомили он мебошанд, ҳамчун як блок дар муқобили НАТО муаррифӣ кунад ва мушорикати сиёсӣ, амниятӣ ва тиҷоратии онҳоро тақвият бахшад.

Расонаҳои Эрон навиштанд, ки Азиз Насирзода, вазири дифои Эрон дар Чин бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои мухталиф дидор хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки интиқодҳо аз заъфҳои дифоӣ ва амниятии Ҷумҳурии исломӣ тайи ҷанги 12-рӯза бо Исроил, дар дохили Эрон идома дорад.

Сафари вазири дифои Эрон ба Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки барои нишасти сарони паймони НАТО ба Гаага рафта буд, рӯзи 25 июн зимни нишасти хабарӣ бо ишора ба ҷанги Исроил ва Эрон гуфт, ки даргирии ин ду, ки акнун дар оташбас ба сар мебаранд, "метавонад дубора оғоз шавад, ҳатто ба зудӣ".

Ӯ ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе гуфт, "қарор аст ҳафтаи оянда бо Эрон суҳбат кунам". Ӯ шарҳ надод, ки бо чӣ мақоме сухан хоҳад гуфт, аммо эҳтимолан тарафи сӯҳбати ӯ Масъуди Пизишкиён, ҳамтои эронии ӯ хоҳад буд.

Масъуди Пизишкиён рӯзи 24 июн эълон кард, ки "Эрон омодаи ҳаллу фасли масоили худ бо Амрико аст".

Трамп рӯзи 25 июн ҳамчунин таъкид кард, ки қарор нест аз корзори фишор бар Ҷумҳурии исломӣ даст бикашад, аммо фикр мекунад, таҳияи созиши нав бо Теҳрон ҳам "лозим нест".

Дар пайи ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ, ки бомбаҳои сангаршикани худро рӯи таъсисоти "Форду" холӣ карданд, Трамп эълон кард, ки бо ин ҳамла, барномаи ҳастаии Эронро "нобуд кардааст".

Шуморе аз коршиносон, аз ҷумла дар даруни ҳукумати Амрико ба ин гуфтаҳои Трамп шак доранд, аммо ӯ ҳамчунон ба ин мавзеи худ пойфишорӣ дорад.