Дар Қирғизистон барои ҳимоят аз забони қирғизӣ чанд қонун қабул карданд

Порлумони Қирғизистон бастаи қонунҳоеро қабул кард, ки бар асоси онҳо бояд баъзе аз мақомоти расмӣ ҳатман забони қирғизиро бидонанд.

Дар яке аз қонунҳое, ки рӯзи 25-уми июн қабул шуд, гуфта мешавад, ки мансабдорони давлатӣ аз ҷумла, додрасу додситонҳо ва вакилони мардумӣ бояд ҳатман забони қирғизиро донанд. Ҳамчунин дар телевизион ва радиоҳои кишвар матолиб ба забони қирғизӣ набояд камтар аз 60 дар садро ташкил диҳад.

Номи маҳаллаҳои аҳолинишин низ бояд фақат ба забони қирғизӣ бошанд. Аз ин пас дар мактабҳои Қирғизистон имтиҳон аз забони давлатӣ ҳатмӣ хоҳад шуд. Нурланбек Турғунбек, раиси Маҷлиси намояндагони Қирғизистон гуфтааст, ки ҳадаф аз қабули қонун ҳимоят аз забони давлатии кишвар аст.

Ба қавли ӯ, агар давлат нисбат ба забони қирғизӣ бепарвоӣ кунад, “солҳои наздик миллат аз байн меравад.” Дар Қирғизистон забони русӣ забони расмӣ аст ва бисёре аз мардум ҳам онро медонанд. Солҳои ахир кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам барои тақвияти забони миллии худ чандин қонуну қарор қабул кардаанд ва мояи хашми мақомоти Русия шудаанд.