Мақомоти қудратии Арманистон 14 нафар, азҷумла чанд мунтақиди ҳукуматро бо иттиҳоми талоши табаддулоти давлатӣ боздошт кардаанд. Дар миёни онҳо як руҳонии мунтақиди ҳукумат низ ҳаст.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон гуфт, ки мақомоти қудратӣ аз як табадуллот пешгирӣ карданд. Пашинян доираҳои ҷиноятӣ ва руҳониёнро дар ин кор муттаҳам кард. Мухолифони ҳукумат ин боздоштҳоро таъқиби сиёсӣ гуфтанд.
Аз субҳи барвақти 25-уми июн пулис дар манзили аъзоёни ҷунбиши “Муборизаи муқаддас” кофтукоб анҷом дод. Роҳбари ин ҷунбиш усқуф ё руҳонии шинохта Баграт (Галстанян) ба Кумитаи тафтишотӣ бурда шудааст. Ба ғайр аз ин, Артур Саркисян, вакил аз ҳизби мухолифин низ боздошт шудааст. Тарафдорони мухолифин дар назди бинои Кумитаи тафтишот ҷамъ шуданд.
Пештар нашрияи армании Civic гузориш дод, ки ба дасти онҳо нақшаи табаддулот расидааст, ки аз сӯи мухолифин омода шуда буд. Саҳифаи нахуствазири Арманистон ҳам ин хабарро нашр кард. Вале Элинар Варданян, вакил аз ҳизби мухолифин гуфт, тафтиш ва боздоштҳои ахирро таъқиби сиёсӣ аст.