Доналд Трамп гуфт, ҳафтаи оянда бо мақомоти Эрон гуфтугӯ мекунанд

Доналд Трамп ҳамроҳи вазирони дифо ва умури хориҷии Амрико дар Ҳолланд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, намояндагони ҳукумати ӯ ҳафтаи оянда бо мақомоти Эрон дидор ва бораи барномаи атомии ин кишвар гуфтугӯ мекунад. Ин баёнияи ӯ танҳо чанд рӯз пас аз он садо дод, ки артиши Амрико се таъсисоти Эронро бо бомбаҳои азиме бомборон кард.

Доналд Трамп рӯзи 25-уми июн пас аз иҷлосияи солонаи НАТО дар нишасти хабарие дар Ҳолланд гуфт: “Мо ҳафтаи оянда бо онҳо суҳбат хоҳем кард. Танҳо чизе, ки дар ин дидор дархост хоҳем кард, ҳамон чизест, ки қаблан ҳам хоста будем, Эрон силоҳи ҳастаӣ надошта бошад.”

Рӯзи 22-уми июн, беш аз даҳ ҳавопаймои бомбандози B-2-и Амрико бомбаҳои азими 13,600 килоиро бар таъсисоти ғанигардонии ураниум ва анборҳои онҳо дар Эрон партоб карданд. Нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунин ба яке аз ин таъсисот аз киштии зериобӣ ва бо мушак зарба заданд.

Доналд Трамп дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки ин таъсисот «нобуд шудаанд» ва арзёбиҳои ибтидоиеро начандон боварибахш номид, ки ба ин хулоса расидаанд, ҳамлаҳо, барномаҳои атомии Эронро фақат барои чанд моҳ ба ақиб андохтаанд.

Раиси ҷумҳури Амрико афзуд: «Онҳо нобуд шуданд. Ман гуфтаам, Эрон силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт. Мо онҳоро мунфаҷир кардем. Комилан аз байн рафт. Ман фикр намекунам, ки онҳо дигар ба кори барномаи ҳастаӣ баргарданд. Ба назар мерасад, корашон тамом аст.»

Трамп гуфт, мушаххас нест, ки Амрико дар дидори ҳафтаи оянда бо Эрон созише дар бораи барномаи ҳастаӣ имзо хоҳад кард ё не.

Қабл аз ҳамлаҳои Амрико, Трамп мехост, бар асоси як созиш Эрон барномаи ғанигардонии ураниумро канор бигузорад ва дар ивази он таҳримҳо бардошта шаванд. Ҳукумати Эрон барои барномаи атомии худ даҳҳо миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст ва канор гузоштани он зарбаи бузурге ба обрӯи Алӣ Хоманаӣ, раҳбари кишвар маҳсуб мешавад.

Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, ки дар нишасти НАТО ҳузур дошт, гуфт, FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико ба тафтиши он мепардозад, ки чӣ гуна арёзбии Хадамоти Иттилоотии Дифоии Амрико, як шохаи вазорати дифо ба дасти расонаҳое ба мисли См Эн Эн, Ню Йорк Таймс, Вашингтон Пост ва Рейтерс афтодааст.

Дар арзёбӣ омадааст, ки бомборони се таъсисоти атомии Эрон ва аз ҷумла таъсисоти зеризаминии ғанисозии ураниуми Форду натавонистааст, ҷузъҳои асосии барномаи атомии Эронро нобуд кунад, баръакси гуфтаи Доналд Трамп, ки ҳамлаҳо таъсисоти ғанисозии атомии Эронро “комилан ва батамом” аз байн бурдаанд.

Яке аз манбаъҳое, ки CNN аз ӯ нақли қавл кард, гуфтааст, арзёбӣ нишон медиҳад, ки ҳамлаҳо барномаи ҳастаии Эронро «дар беҳтарин ҳолат шояд фақат чанд моҳ» ақиб андохтаанд. Айни замон дар гузоришҳо омадааст, ки таҳлили вазорати дифо ҳанӯз идома дорад ва мумкин аст, ки бо дарёфти иттилооти бештар тағйир кунад.

Пит Ҳегсет гуфт, ки бомбҳое, ки дар амалиёт истифода шуданд, «дақиқан дар ҷойи лозимӣ фуруд омаданд” ва «вайронии густардае» барҷой гузоштанд.

Вазири дифои Амрико афзуд, асароти ин бомбҳо «зери кӯҳе аз овор пинҳон шудааст» ва ҳар касе, ки мегӯяд, ин бомбҳо вайронгар набуданд, фақат мехоҳад, муваффақияти раисиҷумҳур аз ин амалиётро зери суол баранд.

Аз замони бомбборони 21-уми июн аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, набуди иттилооти дақиқ аз натиҷаи ҳамлаҳо боиси гумоназаниҳо дар бораи таъсиру самари амалиёт шудааст. Аксҳои моҳвораӣ танӯраҳои бузургеро дар гӯшаҳои Форду яке аз таъсисоти атомӣ нишон медиҳанд, аммо чун ин иншоот зери замин қарор дорад, осебдидагии онҳо возеҳ дида намешавад.

Афӣ Дафрин, сухангӯи артиши Исроил, дар як конфронси хабарӣ дар рӯзи 25-уми июн гуфт: «Ҳанӯз барои арзёбии комили натоиҷи амалиёт зуд аст.»

Ӯ афзуд: «Ман бовар дорам, ки зарбаи чашмгире ба барномаи атомӣ задем ва ҳамчунин метавонам бигӯям, ки онро барои чанд сол ба ақиб андохтем.»

Рафаэл Гроссӣ, раиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (IAEA), гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ эҳтимолан «осеби қобили таваҷҷӯҳе» ба таъсисоти Форду, яке аз марказҳои аслии ғанигардонии ураниум, ворид кардаанд, агарчӣ ҳоло “ҳеҷ кас, аз ҷумла оҷонсӣ, наметавонад садамаҳо дар зери заминро арзёбӣ кунад.»

Ба сабаби даргириҳо, оҷонсӣ то кунун натавонистааст, дар Эрон бозрасӣ анҷом бидиҳад, агарчӣ аз замони барқарории оташбас дар рӯзи 24-уми июн, ҳамлаҳои ҳавоӣ аз ҳар ду ҷониб қатъ шудаанд.

Роберт Айнеҳорн, коршиноси манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва пажӯҳишгари Муассисаи Таҳқиқотии Брукингс, мегӯяд, беш аз 400 килограмм ураниуми ғализи 60 дарсади дар Эрон кӯч дода шудаанд ва макони онҳо мушаххас нест.

Ӯ ба Радиои Фардо гуфт: “Эҳтимолан, агар (ин захира) дар ихтиёри Эрон бошад, метавонад ба макони махфие интиқол ёфта ва дар барномаи аслиҳаи ҳастаӣ истифода шавад.”

Рафаэл Гроссӣ гуфт, аз Теҳрон рӯзи 13-уми июн номае гирифтааст, ки дар он гуфтаанд «тадбирҳои махсус» барои муҳофизати ураниум аз бомборон андешидаанд.

Ӯ афзуд: “Онҳо вориди ҷузъиёт нашуданд, ки ин ба чӣ маъност, аммо ...мо метавонем тасаввур кунем, ки ин мавод боқӣ мондааст.”

Данни Данон, намояндаи Исроил дар Созмони Милал низ гуфт, ки ҳанӯз барвақт аст, ки ҳамлаҳоро дақиқ арзёбӣ кунем, аммо афзуд: «Мо медонем, ки тавонистем барнома [атомӣ]-ро ақиб барем.» Ӯ афзуд: «Мо тавонистем, таҳдиди ногузиреро, ки ба мо буд, бартараф кунем.»