Волӣ ё раиси Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки зери назорати ҳукумати Толибон кор мекунад, бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон вохӯрдааст. Дар ин бора хабаргузории "Бохтар"-и Афғонистон гузориш додааст.
Ба гузориши манбаъ, Мавлавӣ Муҳаммад Холид, волии вилояти Бадахшони Афғонистон ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар бораи мустаҳкам кардани равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, савдо, фарҳанг, интиқолу молу коло ва амният дар сарҳад гап задаанд.
Волии Бадахшон аз намояндагони Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бештар кунанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин вохӯрӣ расман хабаре надодаанд. Оҷонсии "Бохтар" навиштааст, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ваъда додаанд, ки барои "таҳкими равобит ва эҳёи эътимод миёни Афғонистон ва Тоҷикистон" талош мекунанд.
Тоҷикистон аз соли 2021 ба ин сӯ аз эътирофи расмии ҳукумати Толибон худдорӣ мекунад. Душанбе аз мунтақидони сарсахти Толибон дар солҳои гузашта буд. Вале бо вуҷуди ин танқидҳо, Тоҷикистон додугирифт, азҷумла интиқоли барқ ва содирот ба Афғонистонро дар замони ҳукумати Толибон идома дод.