Тафсилоти парвандаи "Крокус". Гумонбарон нишондоди худро дигар кардаанд

Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов

Хабаргузории ТАСС баъзе ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба "Крокус"-ро нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, гумонбарони асосӣ аз нишондоди аввали худ даст кашидаанд.

ТАСС бо такя ба маводҳои парванда навиштааст, созмондиҳандагони ҳамла ба иҷрочиён, яъне ба чор шаҳрванди Тоҷикистон 1 миллион рублӣ ваъда додаанд. Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин дар аввал гуфта буданд, ки барои ҳамла ба “Крокус” ба онҳо дар умум 500 ҳазор рубл ваъда шуда буд. Бисёриҳо ба ин чиз шубҳа карданд, ки чигуна барои ним миллион рубл ин нафарон чунин кушторро анҷом додаанд?

Ба гузориши ТАСС, Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони асосӣ гуфтааст, ӯ то ҳамла ба “Крокус”, аз як фармоишгар бо номи Сайфулло тариқи ҳамёни “Сбербанк” 500 ҳазор рубл гирифта, пулро барои хариди мошин ва иҷораи хонаву хӯрок сарф кардаанд. Ин нишондод бори аввал садо медиҳад. Фаридуни Шамсиддин дар рӯзҳои аввали боздошт боздошт гуфта буд, барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз "ёвари рӯҳонӣ" 500 ҳазор рубл гирифтааст. Маълум нест, ки Фаридуни Шамсиддин ва дигар гумонбарон таҳти кадом шароит нишондоди худро тағйир доданд.

Дар Тоҷикистон бисёриҳо бо ишора ба номувофиқатӣ ва эътирофҳои зери шиканҷа ба фарзияи расмии Русия шубҳа доранд.

Кумитаи тафтишотии Русия эълон кардааст, ки ҳамла ба толори консертии "Крокус" аз сӯи мақомдорони украинӣ тарҳрезӣ шудааст. Киев қаблан ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда буд. Баръакс гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо нашри навори ҳамла, масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифт.

Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, тафтишот алайҳи ду ташкилкунандаи ин ҳамла ва чор ширкатдори эҳтимоли он идома хоҳад кард. Ин афрод таҳти таъқиб буда, вале номашон ифшо намешавад. Парвандаи ҳамла ба “Крокус” ин ҳафта ба додситонӣ фиристода шуд ва аз онҷо ба додгоҳ меравад. ТАСС навишт, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. Дар доираи ин парванда 19 нафар боздошт шудаанд, ки аксарашон шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ҳастанд.

Дар ҳамла ба "Крокус", ки моҳи марти соли 2024 иттифоқ афтод, 145 нафар куштаву беш аз 500 кас захмӣ гардид.