Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дувуми дӯстонаи тими миллии футзали кишвар бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 25-уми июн дар маҷмааи варзишии “Ал-Аҳлӣ”-и шаҳри Дубай доир гардид.
Дар ҷараёни дидор чаҳор голи мунтахаби Тоҷикистонро Самандар Ризомов ва як голро Абдуқаюм Умаров ба самар расонданд.
Ёдовар мешавем, тими миллии футзали Тоҷикистон 23-юми июн дар Дубай дар бозии аввали байналмилалии дӯстона дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд. Ҳарду голро Идрис Ёров зад.
Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 13 нафар – 2 дарвозабон ва 11 бозигарро аз бошгоҳҳои футзали кишвар даъват карда буд.
Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:
Дарвозабонҳо: Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания», Душанбе), Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов, Некрӯз Идиев (ҳама аз «Истиқлол», Душанбе), Иқбол Воситзода («Сипар», Хуҷанд), Рамз Амрохонов, Хусрав Холиқназаров (ҳарду аз «Сомон», Душанбе).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
БОЗИҲОИ ДӮСТОНАИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН:
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Идрис Ёров, 33 (0:1). Идрис Ёров, 39 (0:2).
23-юми июн. Дубай. Маҷмааи варзишии “Ал-Наср”.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – Тоҷикистон – 3:5
Голҳои Тоҷикистон: Самандар Ризомов (4 гол), Абдуқаюм Умаров.
25-уми июн. Дубай. Маҷмааи варзишии “Ал-Аҳлӣ”.
Бояд зикр намуд, бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо иштироки тими миллии футзали Тоҷикистон аз 20-ум то 24-уми сентябри имсол дар шаҳри Душанбе доир мегарданд.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро эълон кард. Қуръакашӣ рӯзи 26-уми июн баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дар ҷойи 44-ум қарор дорад, дар сабади дуюм ҷой гирифтааст.
Дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 ҳамагӣ 30 даста ширкат меварзад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешаванд. Шаш гурӯҳ иборат аз чаҳордастаӣ ва ду гурӯҳ иборат аз седастаӣ хоҳанд буд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.