Як қоидаи нав, ки аз 30-юми ҳамин моҳ дар Русия ба иҷро медарояд арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русияро то панҷ ва ҳафт ҳазор сомонӣ боло бурдааст.
Як корманди собиқи вазорати корҳои дохилӣ, ки аз кор озод шудааст, мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунанд, зеро рафтори вазорат бо ӯ бар хилофи қонун будааст.
Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ таъмири як роҳи баҳсбарангезро Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст.
Ду ҳунарманди нобино пас аз 20 сол саъю талош орзуи хешро амалӣ карданд. Акбар ва Рустам шогирдони мактаби нобиноёни шаҳри Ҳисор солҳои дароз орзу доштанд, ки ҳамроҳ шаби эҷодӣ баргузор кунанд. Ҳафтаи гузашта орзуяшон дар як тарабхонаи шаҳри Душанбе амалӣ шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои овардани телефони мобилӣ аз хориҷи кишвар андози нав ҷорӣ кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат, аз 1-уми июл имсол аз ҳар телефони ҳамроҳ, ки ба Тоҷикистон оварда мешавад, 20 дарсад боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.
Се моҳ пас аз ҳамлаҳои сахти лафзӣ дар интернет ба як хонаводаи зодаи Тоҷикистон, ки мақомоти Тотористон ба ӯ хона доданд, сарвари ин оила боздошт шудааст. Муҳиддин Холзодаро Кумитаи тафтишоти Русия бо гумони талош барои гирифтани имтиёз аз роҳи қаллобӣ боздошт кардааст.
Радиои Озодӣ бо Гулрухсор Сатторова, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду сол боз муқими Теҳрон буд, дар бораи ҳамлаҳо ба ин шаҳр ва бозгашташ ба Душанбе сӯҳбат кард.
Додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ин вилоятро бо гуноҳи қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.
Қатъи кӯмакҳои ЮСАИД ба Тоҷикистон иҷрои баъзе аз барномаҳои имдодӣ дар кишварро ба мушкил дучор кардааст.
Як додгоҳи Душанбе 9 сокини маҳаллаи “Дарвоз” дар ин шаҳрро бо гуноҳи ифротгароӣ ва таъсиси созмони ифротгаро ва пинҳон доштани ҷиноят ба мӯҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кардааст.
Ҷанги Исроил ва Эрон, ки бо ҳамлаҳои Исроил ба иншооти ҳастаӣ ва низомии Эрон сар шуд, дар Тоҷикистон нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Ёфтҳои бештар