Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат маблағи бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро боло мебарад


Дар Тоҷикистон маблағи сабтиноми ҳизб, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагии созмонҳои байнулмилалӣ ду баробар зиёд мешавад.

Тарҳи қарори ҳукумат дар ин бора охири моҳи май ба порлумон ирсол шуда, Радиои Озодӣ 25-уми июн бо нусхаи он шинос шуд.

Бар асоси ин санад, боҷи давлатӣ барои бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (7500 сомонӣ) таъйин шудааст. Феълан ҳаққи сабти номи ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар 50 нишондиҳанда (3750 сомонӣ) аст. Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол метавонад тағйир ёбад.

Дар сурати қабули қонун, барои сабти номи созмонҳои байналмилалӣ ё намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон, 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (15 ҳазор сомонӣ) боҷи давлатӣ гирифта мешавад. Дар ҳоли ҳозир барои ин кор 100 нишондиҳанда (7500 сомонӣ) боҷи давлатӣ мегиранд.

Тибқи пешниҳоди ҳукумат, маблағи сабтиноми ташкилоти ҷамъиятӣ низ аз 10 ба 20 нишондиҳанда зиёд хоҳад шуд.

Дар санад омадааст, вакилони дифоъ ҳам барои сабти ном дар Вазорати адлия маблағи бештар пардохт хоҳанд кард. Аз ҷумла, бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳо аз 15 ба 30 ва мақоми минтақавии ин ташкилот аз 10 ба 20 нишондиҳанда боло бурда шуд. Вакилоне, ки мехоҳанд бюрои адвокатӣ таъсис диҳанд, ба ҷойи 600 сомонӣ акнун 1200 сомонӣ месупоранд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони дифоъ интиқод мекунанд. Мақомот ин танқидҳоро қабул надоранд.

Вале масъули яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъди бастани намояндагии "Фонди Сорос" ва инак қатъ шудани кӯмакҳои ИМА, вазъи молии созмонҳои ҷамъиятӣ бисёр бад шуд. Дар чунин шароит ҳукумат боз ҳаҷми боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ ва азнав сабти ном карданро зиёд карданӣ аст".

Бар асоси қарори ҳукумат, боҷи давлатӣ барои бисёр хизматрасониҳои идораи нотариалӣ, аз ҷумла, додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ва шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият низ зиёд шудааст.

Лоиҳаи қонун аз сӯи ҳукумат ба порлумон пешниҳод шуда, маълум нест, ки кай Маҷлиси намояндагон онро баррасӣ мекунад. Порлумони Тоҷикистон, ки аксари вакилонаш намояндагони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳастанд, тақрибан ҳама пешниҳодҳои ҳукуматро қабул мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол нагуфтаанд, ки ҳадаф аз боло бурдани ҳаҷми боҷи давлатӣ барои сабти номи ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳои нотариалӣ чист.

Мақомот дар гузашта беқурбшавии пулро яке аз далелҳои боло бурдани нархи хизматрасониҳои давлатӣ гуфта буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир барои пур кардани буҷа, ҳаҷми андозу ҷаримаҳоро боло бурда, чанд молиёти нав ҷорӣ кард.

Аз ҷумла, аз 1-уми июни имсол аз ҳар телефони мобилие, ки ба кишвар оварда мешавад, 20 дарсад боҷи гумрукӣ гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG