Аз ҷумла барои Ҷамолиддин Иброҳимов, ки зиёда аз бист сол боз дунболи пайдо кардани қабри падар ва ҷазо дидани қотилони ӯ мегардад. Ин сокини 41-солаи ноҳияи Ёвон мегӯяд, дар поёни декабри соли 1992 ҳамагӣ 8-сола буд, ки падарашро ҳамроҳи амаку бобояш як гурӯҳи силоҳбадаст ба қароргоҳашон дар зиндони Ёвон бурда, ваҳшиёна ба қатл расонд. Ба гуфтаи Ҷамолиддин дар ҷойи қатли падараш Файзихон Нозимов, ки сардори ин гуруҳ буд ва чанд тани дигар ҳузур доштаанд, ки ҳамаи онҳо имрӯз зиндаанд ва дар ноҳияи Ёвон зиндагӣ мекунанд.
“Дар ШВКД ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, дар Прокуратураи генералӣ, дар прокуратураи ноҳияи Ёвон, вақте моро рӯ ба рӯ карданд, Маҳмадҷон Зоғов ва Боваи Қайнима, ки аъзои ҳамин гурӯҳ буданд баёнот доданд. Зоғов гуфт, ки хусурои Қиём ҳар дуяш гуфтанд, ки бикушедаш. Яъне тағоҳои ман. Муфаттиш аз Зоғов пурсид, ки ҳастанд, тағоиҳои ин? Гуфт Муҳаммадсолеҳ ва Музаффари чашмкабуд. Инҳо ҳамаашон дар он ҷо иштирок кардагианд, даст доранд ва медонанд, ки ҷасади падари ман дар куҷо аст”,-мегӯяд Ҷамолиддин.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро қотилон ва гӯри Қиёмиддин-паҳлавони ёвониро намеёбанд?
Падари Ҷамолиддин, Қиёмиддин Иброҳимов, маъруф ба Қиёмпаҳлавони Ёвонӣ, аз варзишгарони шинохта ва сармоядор буд. Ӯ бо сарони олами ҷиноӣ ё рекетирҳо вақти Душанбе низ ошноӣ дошт. Дар солҳои 90-ум Қиёмпаҳлавон ҳам дар миёни варзишгарон ва ҳам дар миёни тоҷирони навпайдо маъруф буд. Ба иддаои фарзандаш, бархе фармондеҳони саҳроӣ ва гуруҳҳои ҷиноӣ бо падараш ва хонаводаи онҳо мухолифат пайдо мекунанд. Замоне, ки ӯ кушта мешавад, ҳамагӣ 28 сол доштааст.
“Аввал дар моҳи октябр ё ноябр амакамро боздошт карда буданд. Падар асосан он вақтҳо дар Душанбе буд. Баъд падарамро даъват мекунанд. Падарам барои озод кардани бародараш меравад, вале мегиранду ӯро ба зиндони Ёвон, ки онҷоро штаб карда буданд, меоранд ва дасту гарданашро мебуранд. Азоб медиҳанд. Ҳамон бегоҳаш бобоямро ба штаб меоранд. Дастонашон бастагӣ. Таҳқираш мекунанд, бобома 3 тир мезананд ва дасташро бо корча мебуранд. Падарам мегӯяд, ки чизе даркор бошад медиҳам накунед, мегӯянд мо бояд туро таҳқир кунем, реза-реза мекунанд отаи мара, каллаашро мебуранд”.
Ҷамолиддин мегӯяд, рӯзи қатли падараш ду тағояш Музаффар ва Муҳаммадсолеҳ Буриевҳо низ ҳузур доштаанд. Аммо Музаффар Буриев дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки хоҳарзодааш ба онҳо туҳмат мезанад ва борҳо мақомот ин иддаоро санҷидаанд, вале чизе ҳосил нашуд.
Ҷамолиддин Иброҳимов писари Қиёмиддин барои пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони падараш ба мақомот, аз ҷумла додситонии кулли Тоҷикистон ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст. Дар оғоз таҳқиқи қазияро додситонӣ ва шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пеш мебаранд. Аз ҷумла, дар баробари чанд нафари дигар худи Ҷамолиддинро ҳам барои рӯ ба рӯ кардан даъват мекунанд. Баъдан мақомоти ноҳияи Ёвон, аз ҷумла додситонӣ ба таҳқиқи қазия мепайванданд ва ҳатто ташхиси колбадшикофии қабри падари Қиёмиддинро мегузаронанд. Аммо баъди ин ҳама ба гуфтаи писари Қиёмиддин кор ба якборагӣ хомӯш шуда, касе муҷозот нашуд ва муроҷиатҳои баъдиаш бенатиҷа монд.
Файзихон Нозимов, роҳбари дастае, ки ба гуфтаи Ҷамолиддин дар қатли падараш даст доранд, ин иттиҳомҳоро бепоя медонад: “Ҳамаҷо моро давъат карданд, прокуратураи Ёвон даъват карданд, шуъбаи милисаи Ёвон даъват карданд, пурсиданд. Ростӣ гап, ман он касро намедонам, намешиносам, танҳо шунидаам. Соли 1992 шуда будааст, ман ӯро надидаам, намешиносам. Як вақт як-ду кас гуфтанд, ки гӯё отаи Восит (фармондеҳи бадноме) карда бошад ин корро, чӣ коре карда бошад”,-мегӯяд Нозимов.
Зоиршоҳ Абдурозиқзода, ёвари додситони ноҳияи Ёвон дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин мавзуъ камтар сирри махфӣ дорад”, ки чизи зиёде гуфтан наметавонад. Ин масъули тафтиши қазия дар додситонии ноҳияи Ёвон дигар нахост аз ин бештар суҳбат кунад.
Ҳамчунин Радиои Озодӣ барои дарёфти нуқтаи назари мақомоти расмӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн нома ирсол кард, вале то рӯзи 26-уми июн посухи онро дарёфт накард. Ҷамолиддин Иброҳимов мегӯяд, талошҳояш барои пайдо кардани қабр ва қотилони падар то кунун натиҷа надодааст, зеро афродеро, ки гумонбар медонад ба назари ӯ баъдҳо мансабҳои гуногун доштан ва ҳоло тоҷиру сармоядоранд.
Мақомоти интизомии Ёвон дигар ӯро намепазиранд. Додситонии кул ба охирин муроҷиати такрорияш рӯзи 11 июн посух дода, масъаларо ба додситони вилояти Хатлон вогузор кардааст, ки то 20 июн натиҷаи баррасиҳоро ба муаллифи муроҷиат ба таври хаттӣ пешниҳод кунад. Вале то 25-уми июн ин ниҳод ҳеч иттилое ба Иброҳимов нарасондааст.
Достони Ҷамолиддин Иброҳимов, яке аз садҳо ва шояд ҳазорон достони ғамангези замони ҷанги дохилии Тоҷикистон аст, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард. Дар он замон на камтар аз 50 ҳазор нафар кушта ва ҳазорон тани дигар беномунишон шуданд. Танҳо дар ноҳияи Ёвон солҳои 1992-93 550 тан кушта шудааст. Аммо теъдоди онҳое, ки мисли Ҷамолиддин даҳсолаҳо боз гӯри азизони бенишоншудашонро меҷӯянд сол ба сол каму камтар мешавад.