Халифа Музаффар рӯҳонии шинохтаи Бадахшон дар зиндон фавтидааст

Музаффар Давлатмиров аз рӯҳониёни шинохтаи исмолиён дар Бадахшон маҳсуб мешуд.

Музаффар Давлатмиров, яке аз халифа ва ё рӯҳониёни мӯътабари пайравони мазҳаби исмоилия Вилояти Бадахшон дар зиндони Ёвон даргузаштааст.

Алим Шерзамонов, яке аз мухолифони фаъоли давлат аз Бадахшон рӯзи 27 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Музаффар Давлатмирови 61-сола аз бемории қанд ранҷ мекашид ва рӯзи 25 июн бар асари ҳамин беморӣ фавтидааст. Мақомоти расмӣ дар ин бора ҳеч чизе нагуфтаанд ва дар Раёсати назорати маҳбасҳо ва масъулони зиндони Ёвон ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.

Расонаи «Pamir Inside» низ аз даргузашти Музаффар Давлатмиров хабар додааст. Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ӯро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ” соли 2022 ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буд.

Халифа Музаффар дар байни ҷомеаи исмоилиҳои Бадахшон, мақомдорон ва лидерони ғайрирасмӣ нуфузи зиёд дошт. Ҷузъиёти парвандаи ӯ то кунун пинҳон нигаҳ дошта шудааст, вале дар Хоруғ соли 2022 сару садо буд, ки гуё як сабаби боздошти ӯ хондани ҷанозаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазориев, се лидери ғайрирасмӣ будааст. Ин се нафарро, мақомоти интизомӣ унсурҳои ҷиноӣ хонда ва охири моҳи май ва июни соли 2022 дар Хоруғ куштанд.

Шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар он сол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва айни замон амалиёти, ба гуфтаи мақомот, зиддитеррористӣ буд. Дар натиҷа, бино ба омори расмӣ, 16 кас кушта шуданд. Баъди ин амалиёт беш аз 200 нафарро бо иттиҳоми узвият дар “гурӯҳи ҷиноятӣ” боздошт карданд ва даҳҳо нафари онҳоро ба солҳои дарози зиндон маҳкум карданд.

Ва яке аз онҳо Толиб Айёмбеков, фармондеҳи собиқи нерӯҳои марзбонӣ аст, ки ба гуфтаи пайвандонаш, ба бемории сахти илтиҳоби шуш гирифтор шуда, дар шифохонаи зиндон бистарӣ шудааст.

Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро чанде пеш ҷарроҳӣ кардааанд ва ҳоло намедонанд, ки чӣ ҳол дорад. Яке аз наздикони Толиб Айёмбеков бидуни зикри ном гуфт, мақомот бо назардошти ин ки афроди маҳкумшуда ба зиндони якумрӣ дар сол ҳамагӣ ду маротиба имкони мулоқот доранд иҷозаи хабаргирӣ дар беморхонаро надодаанд.

Толиб Айёмбеков, фармондеҳи собиқи неруҳои марзбонӣ, ки мақомот ӯро “саркардаи гуруҳҳои ҷиноӣ” ном бурдаанд, моҳи июни соли 2022 дар Хоруғ дастгир ва ним сол баъд ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд.